лахт — I [لخت] пора, ҳисса, қитъа, тикка; лахте а) порае, қисме, қитъае аз чизе; б) кит. нафасе, даме, лаҳзае; лахти ҷигар порае аз ҷигар; ҷигарпора; муқ. хуни ҷигар; лахт лахт а) порапора, тикка тикка; б) кит. кам кам, андакандак; лахти ҷон киноя аз… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пора — I [پاره] 1. дарида, чокшуда 2. як ҷузъ, қисми чизе, парча, тикка, лахта; бурда, луқма; пораи нон луқмаи нон, бурдаи нон; пораҳои калони ангишт лахтаи калони ангишт 3. гурӯҳ, қисм; баъзе; пора кардан а) шикастан, кафондан, майда кадан; б) буридан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
шикастан — [شکستن] 1. реза реза кардан, порапора кардан, майда кардан; ҳезум шикастан ҳезум майда кардан, ҳезум кафондан 2. буридан, қатъ кардан 3. дар рақобати тиҷорат, савдо ё молиявӣ шикаст хӯрдан 4. таскин ёфтан, пасанда шудан: шикастани ташнагӣ; аҳд… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ